То ҷашни Наврӯз ҳудудан 40 оилаи зарардида аз заминларзаи Ваҳдат бо хонаҳои истиқоматӣ пурра таъмин карда мешаванд. Дар ин бора 9-уми январ Абдувалӣ Комилов - раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни гузаронидани ҷамъбасти фаъолияти солона хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, аз 105 хонаи банақшагирифташуда дар маҳаллаи навбунёди Истиқлоли ҷамоати деҳоти Раҷаб Исмоили шаҳри Ваҳдат айни замон дар 61 қитъаи замини ҷудошуда корҳои сохтмонӣ идома доранд,
Ёдрас мешавем, ки дар натиҷаи заминларзаи моҳи ноябри соли гузашта дар ҷамоатҳои Карим Исмоил, Раҷаб Исмоил, Бозорбой Боронов ва Чорсӯйи ноҳияи Ваҳдат 104 хонаи истиқоматӣ пурра ва 259 хона қисман хароб гардиданд.Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Бо супориши президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазорату идораҳо вазифадор шуданд, ки таъҷилан ба осебдидагони заминларза кӯмак расонанд ва барои барқарор кардани хонаҳои истиқоматӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста