Нимаи дуюми имрӯз ба нишастҳои хабарии ҷамъбасти сол дар вилояти Хатлон раиси вилоят Давлатшо Гулмаҳмадов ҳусни оғоз мебахшад.
Чуноне ки аз маркази матбуотии раиси вилояти Хатлон хабар доданд имрӯз соати 15:00 дар бинои ҳукумати вилояти Хатлон нишасти матбуотии раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов доир мегардад.
Ба гуфти манбаъ, ба ин нишаст намояндагони васоити ахбори умуми маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналминалӣ даъват шудаанд. «Ҳамчунин дар нишаст хабарии раиси вилоят роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоят низ ширкат хоҳанд варзид», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки имрӯз соати 9:00 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамъбасти солонаи хоҷагии халқи вилоят оғоз гардида, дар он натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқи вилоят дар соли гузашта ва нақшаҳо барои соли 2014 мавриди баррасӣ қарор мегиранд. «Дар ин ҷаласа роҳбарони шаҳру навоҳии вилоят ва сардорони ташкилоту идораҳо иштирок доранд», - афзуд манбаъ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста