Ахири ҳафтаи гузашта таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти макомоти шаҳрдории пойтахт дар соли 2013 ҷаласаи шаҳрдорӣ доир гардид, ки дар он муовини аввали нахутсвзири ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саидов ширкат варзид.
Бино ба иттилои мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷаласа зикр гардид, ки сарфи назар аз пешравиҳои муайян дар рушди шаҳр ва зербинои он, иҷроиши нақшаҳо оиди афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, аз он ҷумла, маҳсулоти ниёзи мардум, суръати афзоиш, ворид намудани технологияи муосир дар истеҳсолот ва ташкили корхонаҳои нав, ки яке аз вазифаҳои асосӣ муқаррар гардида буд, мутаассифона бо пуррагӣ таъмин карда нашуд.
«Аз ҷониби 259 корхонаи саноатии шакли моликияташон гуногун, бо дарназардошти соҳибкорони инфиродӣ, дар ҳаҷми 908,1 млн.сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки нисбати соли 2012-ум 83,4 млн. сомонӣ кам мебошад ва сабаби асосии пастшавии суръати ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ин қатъ гардидани интиқоли гази табиӣ ба ҶСК «Тоҷиксемент» ба ҳисоб меравад, ки аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ интиқол мегардад», - маълуумот дода шуд дар ҷаласа.
Ҳамчунин қайд гардид, ки соли гузашта дар шаҳри Душанбе 15 корхонаи нави саноатӣ мавриди истифода қарор гирифта, 257 нафар сокини шаҳр бо ҷойҳои корӣ дар онҳо таъмин гардиданд.
Зимнан зикр гардид, ки айни замон дар корхонаҳои саноатии шаҳр 18 ҳазору 400 нафар сокини шаҳр машғули коранд, ки нисбат ба соли 2012 ба андозаи 5,4% зиёдтар аст. Соли гузашта аз ҷониби Раёсати сохтмони асосии шаҳрдории пойтахт 43 иншоот ба истифода дода шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста