Истифодашавии сарчашмаҳои ватании интернет дар соли 2013 нисбат ба солҳои қаблӣ 10% бештар гардидааст. Дар ин бора ба Хабаргузории «Азия-Плюс» сарвари Ассотсиатсияи интернет провайдерҳои Тоҷикистон Асомиддин Атоев иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, истифодабарандагони интеренет дар кишвар бештар барои дарёфти маълумот рӯ ба сарчашмаҳои глобалии интернет меоранд, ки дар маҷмӯъ барои сарчашмаҳои ватанӣ он қадар хуб нест.
«Аммо дар ҳар сурат, дар қиёс бо солҳои қаблӣ теъдоди истифодабарандагоне, ки ба сарчашмаҳои ватанӣ рӯ меоранд 10% бештар гардидаанд. Бояд гуфт, ки аслан характери истифодабарии интерент ҳам дар кишвар тағйир ёфтааст: дар соли 2010 шаҳрвандон аз интернет бештар маводи фароғатӣ меҷустанд, аммо ҳоло онҳо бештар маълумоти характери иттилоотидошта ва тахассусӣ мекобанд. Ба ҷуз ин, бояд зикр кард, ки шумораи истифодабарандагон ҳам рӯ ба афзоиш аст», - гуфт Асомиддин Атоев.
Мутобиқи омори расмии Хадамоти алоқаи кишвар, дар соли 2013 теъдоди истифодабарандагони интернети мобилӣ ба 8,3 млн. расид.
Асомиддин Атоев бо такя ба як пажӯҳиши электроние, ки дар кишвар дар солҳои 2010 ва 2012 аз ҷониби фонди ҷамъиятии «Интернет» баргузор гашта буд, ГУФТ, ки аксари истифодабарандагони интернет дар кишвар мардҳоянд. Зикр шуд, ки 77% истифодабарандагони интернетро ҷавонони то 34-солаташкил мекунанд.
Чанд тан аз истифодабарандагони интернет ҳангоми пурсишИ хабарнигори «Азия-Плюс» иброз доштанд, ки бештар аз интернети мобилӣ истифода мебаранд, чунки он дар ҳама ҷо дастрас буда, арзон аст. Аммо дигарон мутмаин ҳастанд, ки истифодаи интеренет ба воситаи компютер қулайтар ва ба саломатӣ камзарар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста