Аз 1-уми ферали соли ҷорӣ имомхатибони масоҷиди Тоҷикистон нахустин музди меҳнати расмии худро дастрас мекунанд.
Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода имрӯз дар ин робита изҳор намуд, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ, ҳаҷми музди меҳнати роҳбари масҷиди марказӣ – 2 ҳазор сомонӣ, сархатиб – 1,5 ҳазор сомонӣ ва имомхатиб – 800 сомониро ташкил дода, дар маҷмӯъ ҳудуди 300 нафар ходими дин ба маоши доимӣ таъмин карда мешаванд.
Ба қавли муфтӣ, дар ин масъала имомхатибон бо Маркази исломӣ, Маркази исломӣ бо Кумитаи дин ва дар навбати худ Кумитаи дин бо Вазорати молия қарордод ба имзо мерасонанд. «Аммо таъкид месозам, ки ҳаҷми зикршудаи музди меҳнат алҳол комилан мушаххас нест», - иброз дошт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, раиси Кумита Абдураҳим Холиқов дар ин маврид зикр кард, ки ин музди меҳнат набуда, як навъ дастгириест, ки онро худи имомхатибон дархост намуда буданд.
Ба қавли Абдуқодирзода, барои тамоми ходимони дин сарулибоси ягона муқаррар шуда, ранги он кабуд ва дорои рамзҳои миллӣ хоҳад буд. «Сарулибоси ягонаи имомхатибон дар корхонаи «Ёқут-2000» дӯхта шуда, он аз ҷониби Маркази исломӣ маъқул дониста шуд ва аллакай ҳафтаи оянда имом-хатибон сарулибоси ягонаро ба бар мекунанд», - гуфт муфтӣ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста