Ҳафтаи сипаришуда 3 муҳоҷири меҳнатӣ -шаҳрвандони Тоҷикистон бо дархости кӯмак барои бозгашт ба ватан ба дафтари Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия муроҷиат намуданд.
Бино ба иттилои намояндагии ХМ ҶТ дар Русия бо мусоидати намояндагӣ Исо Очилдиеви 47-сола, зодаи ноҳияи Шаҳритӯс, ки баъд аз иҷрои ҷазо дар маҳбаси шаҳри Оренбург имкони молиявии бозгашт ба ватан надошт, тавассути қатораи Москва-Душанбе ба ватан фиристода шуд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин Шарифмо Мирзоеваи 43-сола, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа бо писараш Фаридун Мирзоеви 12-сола, ки бинобар сабаби нодуруст будани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти писараш аз ҷониби макомоти сарҳадии ФР зимни убури сарҳади Россия ва Қазоқистон аз қатораи хатсайри Волгоград- Душанбе бозпас гардонида шуда буд, бо мусоидати Намояндагӣ тавассути ҳавопаймои хатсайри Москва-Душанбе ба ватан раҳсипор гардид.
Гуфта мешавад, муҳоҷири дигар Абдумалик Сафарови 28-сола, зодаи ноҳияи Бохтар низ ки бинобар сабаби дар ҳолати вазнини бемори бистарӣ будани модараш ва ғайрикофӣ будани маблағи роҳкирояш, тавассути қатораи хатсайри Москва – Душанбе бо мусоидати Намояндагӣ, Хадамоти консулии Тоҷикистон дар Москва ва дастгирии молиявии соҳибкорони тоҷик ба ватан равон карда шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста