Анонс
- Дар доираи тамринҳои омӯзишӣ дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказӣ бо тими КМВА «Помир» бозии навбатии санҷишӣ мегузаронад. Оғози бозӣ соати 14:00;
- Дар пахши мустақими барномаи «Салом, алейкум, диёрам!»-и радиои «Азия-Плюс» овозхон Зулайхо меҳмони барнома мешавад. Барнома аз соати 12:05 то 13:00 пахш мешавад;
- Дар дафтари кории Бонки осиёгии рушд дар Душанбе (кӯч. Советская, 45) брифинги матбуотии намояндаи доимии БОР дар ҶТ Си. Си. Ю. доир мегардад;
- Дар бинои суди шаҳри Қӯрғонтеппа маросими ифтитоҳи толори мурофиаи судӣ ва утоқи пурсиши некхоҳона барои кӯдакон доир мегардад, ки бо дастгирии Шӯрои адлияи ҶТ ва ЮНИСЕФ бунёд карда шудааст . Оғоз соати 15:30.
Қурби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 4.7743 сомонӣ;
1 евро - 6.4973 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.14 39 сомонӣ.
Як рӯзи таърих
1724 — Дар Русия бо фармони Пётри I никоҳи маҷбурӣ манъ карда шуд.
1899 — Зодрӯзи нахустин Комиссари халқии маорифи ҶШСА Тоҷикистон (1924-1927) доктори илмҳои таърих, профессор Аббос Алиев.
1963 — Котиби якуми КМ ҲКИШ, раиси Шӯрои Вазирони ИҶШС Н.С.Хрущев перомуни дар ИҶШС мавҷуд будани бомбаи 100-мегатоннаи водородӣ маълумот дод.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, баъзан туман мефарояд.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +4+9, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +1+6.
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот, дар ноҳияҳои ҷудогона туман мефарояд.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1-6, рӯзона +3+8, дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона -3+2.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот, дар ноҳияҳои ҷудогона туман мефарояд.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона +3+8, дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона -3+2.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -7-12, рӯзона -1+4; дар шарқи вилоят шабона -21-26, рӯзона -5-10.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан боришот, рӯзона бидуни боришоти назаррас, туман.
Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +3+5.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот дар назар аст.
Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +2+4.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +5+7.
Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +4+6.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона -8-10, рӯзона -1+1.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста