Рӯзи чоршанбеи 15 январи соли равон нашрияи нави «Ҳафта» бо теъдоди 1000 нусха дар Тоҷикистон ба табъ расид.
Ҳикматёри Ҳикматзод, сармуҳаррири «Ҳафта», ба нашрияи Фараж» гуфтааст, ин нашрия дар заминаи ҳафтаномаи «Овоза ва ҳақиқат» таъсис ёфтааст.
- Моҳи октябри соли гузашта ҳафтаномаи “Овоза ва ҳақиқат”-ро дар Вазорати фарҳанг дубора бо номи “Ҳафта” сабти ном кардем. Сармақоланависи мо журналисти маъруф Абдуқаюми Қаюмзод аст, ки дар нахустин шумора сӯҳбати ихтисосие бо Шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат пешкаши хонанда кардааст. Умедворем, ки нашрия ба зудӣ хонандаи худро пайдо хоҳад кард, - иброз доштааст ба нашрия Ҳикматзод.
Гуфта мешавад, Абдуқаюми Қаюмзод, рӯзноманигори маъруфи тоҷик, ба ҳайси дабири нашрияи нави «Ҳафта» дубора ба арсаи журналистика баргашт.
Дар шумораи аввали ҳафтаномаи нав мусоҳиба бо шоири маъруфи тоҷик Мӯъмин Қаноат ба табъ расидааст, ки дар он шоир дар бораи дар шаҳри Волгогради Русия ба ифтихори ӯ номгузорӣ шудани мактаб ва тайи чор соли ахир он қадр хуш надоштани ӯ дар телевизиони тоҷик ибрози андеша намудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста