Хуруҷи бемории зарпарвини намуди А дар соли 2013 миёни кӯдакони то синни 14 сола рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Дар ин бора имрӯз, 16-уми январ Наврӯз Ҷаъфаров, сардухтури санитарӣ ва ҳамзамон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2013 шумори умумии гирифторони намудҳои гуногуни бемории зарпарвин дар қаламрави ҷумҳурӣ ба 10 ҳазору 286 нафар расидааст. Дар соли 2012 ин нишондод ба 10 ҳазору 98 нафар баробар будааст. Бо назардошти ин, теъдоди гирифторони зарпарвин 188 нафар афзудааст.
Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи Наврӯз Ҷаъфаров бештар афзоиши зарпарвини намуди А ба қайд гирифта шудааст. Аз ҳисоби умумии гирифторони бемории зарпарвини А миёни аҳолии Тоҷикистон зиёда аз 85 дарсадро кӯдакони то синни 14-сола ташкил медиҳанд. Шумори умумии гирифторони бемории зарпарвини А дар соли 2013 ба 9 ҳазору 900 нафар расидааст. Ба қавли номбурда, дар соли 2012 теъдоди гирифторони ин намуди беморӣ ба 9 ҳазору 700 нафар мерасид.
Аммо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Нусратулло Салимов афзоиши шумори мубталоёни бемории зарпарвинро нигаронкунанда намедонад. Ба гуфтаи ӯ, гирифторӣ ба бемории зарпарвин ҳар сол ба назар мерасад ва баъзан зиёду кам мешавад.
Вай гуфт: “Агар дар нисбати бемориҳои сироятӣ хулосабардорӣ кунем, дар ҷумҳурӣ вазъият муътадил аст. Вале дар ҳақиқат, омори бемории зарпарвини намуди А нисбат ба соли 2012 зиёд шудааст. Асосан, кӯдакон гирифтори бемории зарпарвини А шудаанд. Гирифтории калонсолон ба бемории зарпарвини А хеле кам аст. Шояд як ё ду ҳодиса ба қайд гирифта шуда бошад”.
Нусратулло Салимов истифодаи оби софнашуда ва меваҳои ношустаро сабаби пайдоиши ин беморӣ медонад. “Ба он хотир зарпарвини А миёни кӯдакон меафзояд, ки онҳо бо ҳамдигар бозӣ ва машғулиятҳои якҷоя мегузаронанд. Аз ин роҳ бемории мазкур аз як кӯдаки гирифтори зарпарвини А ба дигараш сироят меёбад”, - иброз дошт вазир.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста