- Дар беморхонаҳои кишвар барои таъмини як бемор бо дорувории зарурӣ дар як рӯз аз буҷети давлатӣ расо 1 сомониву 45 дирам маблағ ҷудо карда мешавад, - изҳор кард зимни нишасти хабарӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимов.
Ба гуфтаи вазир, барои ғизои беморон дар беморхонаҳо дар як рӯз 1 сомониву 32 дирам маблағ ҷудо мегардад.
Дар ҳамин ҳол, дар дорухонаҳои кишвар арзиши яке аз доруҳои арзонтарин – паратсетамол 60 дирам мебошад.
Салимов иттилоъ дод, ки соли гузашта ба бахши тандурустӣ аз буҷет 920 млн. 715 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки нисбат ба соли 2012 ба миқдори 27,2% зиёдтар аст.
«Қариб 90%-и маблағҳои аз буҷет ҷудогардида ба пардохти музди меҳнати кормандони тиббӣ хароҷот шуда, 10%-и боқимонда барои таъмини беморон бо дорувории зарурӣ ва ғизо тақсим карда мешавад», - иброз дошт вазир.
Бино ба маълумоти ӯ, айни замон ҳаҷми музди меҳнати кормандони ёрии таъҷилии тиббӣ – 600-900 сомонӣ ва кормандони госпиталҳо – 500-700 сомониро ташкил медиҳад. «Феълан дар муассисаҳои тиббии кишвар 16 ҳазору 248 нафар табиб ва 38 ҳазору 635 ҳамшираи шафқат машғули коранд, ки дар муқоиса бо соли 2012 мутаносибан ба миқдори 14,4% ва 21,2% бештар аст», - афзуд Н.Салимов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста