Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) барои дарёфти ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар соли 2013 миёни журналистон озмун эълон кард.
Котиби ИЖТ Талъат Нигорӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба иштирок дар озмун танҳо аъзои Иттиҳод ҳуқуқ дошта, довталабон ба комиссияи озмун маводи соли 2013 дар матбуоти чопӣ нашршуда ё дар барномаҳои телевизиону радио садододаву ба намоиш гузоштаро пешниҳод месозанд.
«Тибқи шартҳои озмун ба як шахс ҷоиза танҳо як маротиба супурда мшавад ва аз ин рӯ, шахсони соҳиби ин ҷоиза ба пешниҳоди маводи худ ҳуқуқ надошта, ҷоиза аз рӯи 4 номинатсия – маводи беҳтарин дар ВАО-и чопӣ, маводи беҳтарини телевизионӣ, маводи беҳтарин дар барномаи радио ва маводи беҳтарини таҳқиқоти илмии журналистӣ – дастури таълимӣ барои журналистон тақдим карда мешавад», - иброз дошт Нигорӣ.
Ба гуфтаи ӯ, тамоми маводи барои озмун пешбинишуда бояд дар 7 нусха то 1-уми март ба комиссияи озмун пешниҳод гарданд ва дар ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик – 10-уми март ғолибони озмун эъон карда мешаванд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста