Анонс

- Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ нишастҳои хабарии ҷамъбасти соли гузаштаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (соати 11:00), Фонди сармоягузории Тоҷикистон (соати 14:00) ва Академияи илмҳои ҶТ (соати 10:00) баргузор мешаванд.

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.7743 сомонӣ;

1 евро - 6.4961 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1438 сомонӣ.  

Як рӯзи таърих

1893 — Зодрӯзи шоира Розия Озод, модари академик Бобоҷон Ғафуров.

1893 — Зодрӯзи яке аз муборизони барқарор кардани ҳокимияти шӯравӣ дар Тоҷикистон Толпиго Борис Вячеславович.

1920 — Дар Русияи Шӯравӣ ҳукми қатл расман бекор карда шуд.

1927 — Зодрӯзи сарояндаи опера, Ҳунарманди халқии ИҶШС Аҳмад Бобоқулов.

1950 — Зодрӯзи Давлатов Матлубхон Султонович, собиқ муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон, собиқ роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

1991 — Дар ҷаҳон бори нахуст ба воситаи кураи ҳавоӣ парвоз тариқи Уқёнуси Ором анҷом дода шуд.

1995 — Таъсиси Гвардияи президентӣ (аз соли 2004 – миллӣ)-и Тоҷикистон.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2-7, рӯзона +2+7, дар доманакӯҳҳо шабона -5-10, рӯзона 0+5.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.     

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1-6, рӯзона +3+8, дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона -3+2.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +2+7, дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона -3+2.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -8-13, рӯзона -1+4;  дар шарқи вилоят шабона -21-26, рӯзона -3-8.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.  

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +4+6.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +2+4.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +6+8.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +5+7. 

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона -8-10, рӯзона -1+1.