Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ медиҳад, ки ширкатҳои сохтмонии вилояти Новосибирск ба қабули муҳоҷирони тоҷик ба кор омодаанд.
«Моҳи апрели соли равон ширкати мо омода аст, ки зиёда аз 50 нафар муҳоҷири меҳнатии тоҷикро бо ҷойи кор таъмин кунад», - изҳор доштааст зимни суҳбат бо корманди намояндагӣ муовини роҳбари ҶСК «Перлит-строй» Алексей Фёдоров.
Ба иттилои манбаъ, зимни ин вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва ҳамкориҳои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо ширкати «Перлит-строй» оид ба масъалаи таъмини шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷойи корӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Қобили зикр аст, ки «Перлит-строй» яке аз ширкатҳои бузурги сохтмонии вилоят буда, барои ҷалб ва бо ҷойи корӣ таъмин намудани қувваи корӣ аз хориҷи кишвар аз заминаи кофии моддиву техникӣ бархӯрдор аст.
Гуфта мешавад, ширкат ният дорад, ки дархости расмӣ бо зикри мутахассисони заруриро пешниҳод намояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста