Сойи Тебалай ҳамасола ба сокинони ноҳияҳои Мӯъминобод, Шӯрообод ва шаҳру ноҳияи Кӯлоб хисороти зиёд ба бор меоварад. Соли 2010 маҳз бар асари обхезӣ ва фаромадани лойқаву санг, ки қисмате аз шаҳри Кӯлобро шуста буд, 13 нафар ҷони худро аз даст доданд.
Қобили зикр аст, ки аз амалу тадбирҳои ноҷӯру парокандаи мақомоти маҳаллии ноҳияҳои зикршуда ва шаҳри Кӯлоб дар мавриди тозакунии маҷрои сой ва ба самти бехатар равона кардани он натиҷаҳои дилхоҳ ҳосил намешаванд.
Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов бо андешаи зарурати таъсиси мақомоти ягона дар сатҳи ҷумҳуривӣ ё байниноҳиявӣ оид ба ҳамоҳансозии тамоми корҳо дар сойи Тебалай розӣ шуда, изҳор намуд, ки дар сурати чунин ранг гирифтани кор, ба пурсамар истифода шудани миллионҳо маблағҳои ҷудошуда ва захираи хле ками техника имкон пайдо мегардад.
«Зимни сафари кории нахуствазири ҷумҳурӣ ба минтақа, мақомоти шаҳрдории Кӯлоб ин ташаббусро ба ӯ пешниҳод хоҳад кард», - иброз дошт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, аллакай муддати ду сол аст, ки шаҳрдории Кӯлоб бидуни дастрасии ҳеҷ воситае аз буҷети ҷумҳурӣ барои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, мустақилона корҳои тозакунии соҳилҳои поёноби сойи Тебалайро анҷом медиҳад.
«Ширкати «Фароз» ба тозакунии маҷрои об дар масофаи 2 километр кумак кард, вале агар бо ин ё он сабаб дар болооби сой – дар ноҳияҳои Муъминободу Шӯрообод тамоми маҷмӯи ин гуна корҳоро анҷом надиҳанд, моҳҳои март-май тамоми кӯшишҳои мо дар поёноб барабас хоҳанд рафт», - афзуд раиси шаҳр.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста