Ширкати сохтмонии «Регат»-и шаҳри Екатеринбурги Русия ба беш аз 100 нафар бинокорони касбу кори гуногун ниёз дорад.
Тавре котиби матбуоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, зимни мулоқот бо корманди намояндагии мазкур директори ҶДММ «Регат» Александр Куимов дар ин робита зикр кардааст, ки дар навбати аввал ба онҳо хиштзанон, рангмолон, насбгарон ва кафшергарони газӣ заруранд ва илова намудааст, ки «дар анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳои зарурии иҷозатномавии будубош ва кор ширкат ба онҳо мусоидат намуда, ҳамчунин муҳоҷирони кориро бо хобгоҳ ва ғизо таъмин менамояд».
«Дар ҷараёни вохӯрӣ, ки дар хадамоти консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург доир гардид, ҳамзамон масъалаҳои ҳамкории Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо ширкати «Регат» бобати бо ҷойи корӣ таъмин намудани шаҳрвандони ҶТ низ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд», - зикр кард Аҳмедов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста