Зимни нишасти хабарии имрӯза муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои ҶТ Саидалӣ Сиддиқов изҳор намуд, ки дар шабакаҳои давлатии телевизиони ҷумҳурӣ ҳеҷ гоҳ алайҳи аҳзоб, аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон маъракае роҳандозӣ нашудааст.
Ӯ мутмаин аст, ки барномаҳои соли гузашта пахшшуда дар бораи муқобили ҲНИТ ибрози андеша намудани роҳбарони бахшҳои он дар минтақаҳо, кадрҳои қатлу амалҳои зӯровариро нисбат додан ба ин ҳизб ҳадафи бадномкунии ҲНИТ назди мардум дар остонаи интихоботи президентиро надоштанд.
«Ин аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ пешниҳод шуда, хабарнигорони мо аз рӯи он мавод таҳия намуданд, ки дар онҳо худи одамони ҷамъшуда дар ноҳияҳо бо шумори 500-1000 нафар мавқеи шахсии худро нисбати ин ҳизб иброз намуданд ва инро наметавон маъракаи махсус тарҳрезишудаи телевизион алайҳи ҲНИТ номид», - иброз дошт ӯ.
Ба саволи чаро маҳз дар арафаи интихоботи президентӣ таҳия гардидани ин сюжетҳову имрӯзҳо намоиш надодани ба ин монанд мавод, Саидалӣ Сиддиқов посух дод, ки акнун дигар аллакай чунин шахсони норозӣ аз ҳизби мазкур нестанд ва «агар пайдо шаванд, онҳоро боз намоиш медиҳанд».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста