Ҷопон маблағгузории лоиҳаи азнавсозии роҳҳои шаҳри Қӯрғонтеппаро бар уҳда гирифт.
Бино ба гуфти раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов, Ҷопон лоиҳаи азнавсозии беш аз 6 км роҳҳои дохили шаҳри Қӯрғонтеппаро бар уҳда гирифтааст. «Аллакай мутахассисон омада, роҳҳои автомобилгарде, ки бояд мавриди азнавсозӣ қарор бигиранд, мавриди омӯзиш қарор доданд ва имсол оғози корҳои сохтмону таъмир дар назар аст», - зикр кард номбурда.
Ба гуфти раиси вилоят, яке аз мушкили асосии шаҳри Қӯрғонтеппа вазъи ногувори роҳҳои мошингарди шаҳр аст, ки дар сурати амалишавии ин лоиҳа як қисми он азнавсозӣ мешавад. «Ҳамчунин як соҳибкори маҳаллӣ таъмири роҳи мошингарди кӯчаи Айниро ба зимма гирифта, аллакай бештари онро асфалтпӯш намуд ва қисмати дигарашро низ имсол ба анҷом хоҳад расонид», - гуфт ӯ.
Гулмаҳмадов ҳамчунин гуфт, Ҷопон маблағгузории азнавсозии зиёда аз 4 км роҳҳои мошингарди шаҳри Кӯлобро низ бар уҳда гирифтааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста