Аввали соли равон дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд 6 иншооти нави таъиноти иҷтимоиву саноатӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев хабар дод, ин корхонаҳои нав – корхонаи истеҳсоли пойафзоли «Исфара Шуз» бо иқтидори солонаи истеҳсоли 100 ҳазор ҷуфт пойафзол, 2 корхонаи коркарди хушкмева, корхонаи дӯзандагӣ, нахустин манзили зисти 6-ошёна дар шаҳр ва кӯдакистони хусусӣ барои 120 нафар кӯдакон мебошанд.
«Соли гузашта корхонаҳои саноатии шаҳри Исфара ба маблағи умумии 195,9 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки дар қиёс бо соли 2012 ба миқдори 32,5 млн. сомонӣ зиёдтар аст», - иброз дошт Тешаев.
Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта дар шаҳри Исфара 11 корхонаҳои саноатии нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирфтанд.
Қобили зикр аст, ки соли 2013 аз ба 110 ҳазор нафар расидани шумори аҳолии шаҳри Исфара ва майдони умумии 5 ҳазору 9 гектарро фаро гирифтани қаламрави шаҳр интизорӣ меравад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста