Ба нашри шумораи нахусти ҳафтавори ҷамъиятиву сиёсии «Азия-Плюс» имрӯз 14 сол пур шуд.
Нашрияи «Азия-Плюс» дар саросари ҷумҳурӣ паҳн гардида, аз рӯи таъсиру нуфуз дар ҷомеа миёни дигар нашрияҳои ҷамъиятиву сиёсии кишвар бо забони русӣ устуворона мақоми пешсафиро ишғол мекунад. Қисмати зиёди маводи нашрия мушкилоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиро дар бар мегиранд.
Тӯли солҳои мавҷудият ҳафтавор аз нашрияи хурди 16-саҳифагӣ ба газетаи қобили мулоҳиза дар ҳаҷми 48-56 саҳифа ва теъдоди бештарини нашр дар кишвар табдил ёфт.
Аз оғози фаъолият ҳайати кормандони ҳафтавор ба сифати маводи нашршуда таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекарданд. Маводҳои ҳафтавор вокунишҳои зиёде дар ҷомеаро ба бор оварда, сарчашмаи маълумоти васоити ахбори умумии ватаниву хориҷӣ мебошанд.
Роҳбарони сохторҳои давлатӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатии байнулмилалӣ ва ватанӣ, ниҳодҳои молиявӣ, соҳибкорону зиёиён ва мардуми оддии ҷумҳурӣ аз ҷумлаи хонандагони доимии нашрия ба шумор мераванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста