Дар маркази будубоши муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Новосибирск 7 нафар шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, масъалаи будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин марказ зимни мулоқоти корманди ба шаҳри Новосибирск сафарбаршудаи намояндагӣ бо сардори Раёсати хадамоти федералии иҷрочиёни судии вилояти Новосибирск Екатерина Комарова мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.
«Зимни вохӯрӣ зикр гардидааст, ки ба ин марказ шаҳрвандони зикршудаи Тоҷикистон мувофиқи қарори суд барои роҳ додан ба қонуншиканӣ дар бахши муҳоҷират оварда шуда, ояндаи наздик ба ватанашон истирдод мегарданд», - зикр кард Аҳмадов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста