Зимни нишасти хабарии рӯзи душанбеи ҳафтаи равон директори Агентии «Тоҷикстандарт» Бахтиёр Шукуров иттилоъ дод, ки айни замон аз 18 корхонаи бо ариза барои гирифтани меъёри «Ҳалол» муроҷиаткарда, 12-тоашон ба он соҳиб шудаанд, ки 6-то дар шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ ва 6-тои дигар дар вилояти Суғд тибқи ин меъёр фаъолият доранд.
Ба қавли вай, ба Агентӣ ҳатто як ширкати Гурҷистон, ки маҳсулоти минералӣ истеҳсол мекунад, низ ҷиҳати дастрас кардани сертификати ин меъёр муроҷиат кардаааст, зеро ширкат дар кишварҳои мусалмонӣ ҳам фаъолият дорад. «Метавон гуфт, ки оид ба сертификатсиякунонӣ мо аз таҷрибаи байнулмилалӣ ҳам бархӯрдор шудем», - гуфт ӯ, вале мушаххасан номи ин ширкати гурҷиро зикр накард.
Таври маълум имрӯз дар бозори Тоҷикистон маҳсулоти оби минералии «Набеглави» ва «Зедазени»-и ширкатҳои Гурҷистон ба фурӯш гузошта шудаанд ва шояд яке аз ҳамин ширкатҳо ба Агентӣ муроҷиат карда бошанд.
Директори «Тоҷикстандарт» ҳамчунин илова намуд, ки соли 2013 Тоҷикистон ба узвияти Созмони байнулмилалӣ оид ба сертифкатсиякуноии маҳсулоти «Ҳалол» пазируфта шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста