Сафари корӣ ба минтақаи ҷануби кишварро нахуствазири кишвар Қоҳир Расулзода бо шиносоӣ аз ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияҳои Кӯлобу Восеъ оғоз кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Кулоб хабар дод, нахуствазир бо рафти корҳои мазкур дар соҳилҳои дарёи Яхсу, ки ноҳияҳои Кӯлобу Восеъро фарогир аст, аз наздик ошно гардида, сипас дар худи шаҳри Кӯлоб аз сойи пурхатари селфарои Тебалай тайи солҳои ахир боздид мекунад.
Раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов қаблан дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуда буд, ки сойи Тебалай ҳамасола ба сокинони ноҳияҳои Мӯъминобод, Шӯрообод ва шаҳру ноҳияи Кӯлоб хисороти зиёд ба бор оварда, соли 2010 маҳз бар асари обхезӣ дар ин сой ва фаромадани лойқаву санг, ки қисмате аз шаҳри Кӯлобро шуста буд, 13 нафар ҷони худро аз даст доданд.
Ӯ зикр карда буд, ки , ки аз амалу тадбирҳои ноҷӯру парокандаи мақомоти маҳаллии ноҳияҳои зикршуда ва шаҳри Кӯлоб дар мавриди тозакунии маҷрои сой ва ба самти бехатар равона кардани он натиҷаҳои дилхоҳ ҳосил намешаванд ва аз ин рӯ, зарурати таъсиси мақомоти ягона дар сатҳи ҷумҳуривӣ ё байниноҳиявӣ оид ба ҳамоҳансозии тамоми корҳо дар сойи Тебалайро мувофиқи мақсад арзёбӣ намуд.
«Зимни сафари кории нахуствазири ҷумҳурӣ ба минтақа, мақомоти шаҳрдории Кӯлоб ин ташаббусро ба ӯ пешниҳод хоҳад кард», - иброз дошта буд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста