Дар ҷаласаи чанде қабли мақомоти шаҳрдории пойтахт таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев масоили марбут ба таъмир ва азнавсозии роҳҳои шаҳр ва омодагиҳо ба истиқбол аз 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, бо дахли масоили рушди меъморӣ ва татбиқи Нақшаи генералии шаҳр, ки тибқи барномаҳои шаҳрсозӣ дар соли ҷорӣ амалӣ мешаванд, зикр гардид, ки таваҷҷуҳи бештар ва зарфиятҳои мавҷуда ба беҳбудбахшии намои меъморӣ ва рушди сохтмон бо сафарбарсозии имкониятҳои буҷети шаҳр ва сармояҳои соҳибкорӣ қабл аз ҳама дар қисмати марказии шаҳр бо риояи талаботи қонунгузорӣ ва эҳтиромгузорӣ ба ҳуқуқҳои соҳибмулкони иншооти мавҷуда вусъат дода мешаванд.
«Ба масъалаи сохтмон ва аз рӯи таъинот дубора мавриди истифода қарор додани муассисаҳои томактабие, ки феълан аз ҷониби дигар субъектҳо дар ҳоли истифодабарӣ мебошанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, дар ин робита раиси пойтахт дастур дод, ки раисони ноҳияҳо то 1 феврали соли ҷорӣ ҳолати мактабу муассисаҳои томактабиро шахсан аз назар гузаронида, ба раиси шаҳр маълумот манзур созанд», - омадааст дар хабари шаҳрдорӣ.
Зимнан зикр мегардад, ки М.Убайдуллоев нисбати дастгирии мутахассисони ҷавон ва ротатсияи хизматчиёни давлатӣ дар дастгоҳи Раиси шаҳру сохторҳои шаҳрӣ масълагузорӣ намуда, муовинони нави Раиси шаҳри Душанбе: Қурбонова Руқия Атоевна ва Ҳакимов Низом Ҳоҷиевичро, ки дар мувофиқа бо Президенти мамлакат ба ин симмат таъин шудаанд ба фаъолони шаҳр муаррифӣ карда, барояшон дар иҷрои вазифаҳои нави хизматӣ барору масъулияти том орзу намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста