Имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми худ, ки таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, Созишномаи грантӣ байни Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи чоруми Фонди шарикии глобалӣ дар соҳаи маорифро тасдиқ карданд.
Зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба ин масъала муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Аъламхон Наимӣ зикр кард, ки Созишномаи мазкур 1-уми октябри соли гузашта ба имзо расида, барои тасдиқ ба парлумон пешниҳод шудааcт.
«Мақсади Созишнома пеш аз ҳама мусоидат намудан барои беҳтар гардидани шароити таълим дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ дар Тоҷикистон буда, маблағи умумии лоиҳа 16,2 млн. доллари америкоиро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби Фонди шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф тавассути Бонки Умумиҷаҳонӣ ҷудо карда мешавад», - иброз дошт ӯ.
Номбурда ҳамчунин изҳор намуд, ки созишнома то соли 2018 аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон амалӣ хоҳад шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста