Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум, ҳамчунин Созишномаи грантӣ байни Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд (БОР) оид ба Лоиҳаи «Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим» баррасӣ ва тасдиқ гардид.
Зимни суханронӣ назди вакилон оид ба ин масъала, узви Кумитаи парлумон оид ба молия ва иқтисод Шарофиддин Сироҷев изҳор намуд, ки арзиши умумии лоиҳа 24,7 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, тавассути гранти Фонди стратегии тағйирёбии иқлим ба воситаи БОР иборат аз 21,55 млн.доллари ИМА, саҳми Институтҳои молиявӣ 0,76 млн. доллари ИМА ва саҳми ҳукумати Тоҷикистон дар ҳаҷми 2,39 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ мегардад.
«Дар доираи амалисозии лоиҳа дар ноҳияҳои Панҷ, Кӯлоб, Восеъ, Дарвоз Ишкошим, Рӯшон ва Роштқалъа иншооти муҳофизат аз селфароӣ сохта шуда, низомҳои обёрӣ, шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ таъмиру барқарор ва ба имконоти хадамоти наҷотдиҳӣ тақвияту беҳбуд бахшида мешавад», - гуфт Сироҷев.
Дар ҷаласаи имрӯза вакилони МНМО ҶТ ҳамчунин лоиҳаи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ»-ро низ баррасӣ намуда, Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар тайёр намудани мутахассисони ҷузъу томҳои зиддитеррористӣ дар муассисаҳои таълимии мақомоти салоҳиятдори давлатҳои иштирокчии ИДМ ва Созишномаи давлатҳои иштирокчии ИДМ оид ба ҳамкорӣ дар таъминоти моддию техникии мақомоти салоҳиятдори татбиқкунандаи мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти зӯроварии экстремистиро ба тасвиб расониданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста