Рӯзи 21-уми январ дар толори хурди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саидов бо сафири Давлати Қатар дар Тоҷикистон ҷаноби Алӣ ибни Муборак Саид ал-Муҳаннадӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми ҶТ, ҷаноби Алӣ ибни Муборак Саид ал-Муҳаннадӣ омодагии кишвари хешро дар роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои судманд дар соҳаи маориф арз намуда, аз имконоти мавҷудаи Давлати Қатар дар ин самт ҳарф зад.
Қобили зикр аст, ки Давлати Қатар дастовардҳои назаррасеро дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ соҳиб гаштааст ва омодааст ҷавонони тоҷикро дар муассисаҳои бонуфузи худ ба таҳсил фаро гирад, - таъкид намуд сафир.
Нуриддин Саидов, дар бораи низоми маорифи кишвар маълумот дода, аз имконоти тарафайн дар самти тариқи квота ба таҳсил фаро гирифтани донишҷӯёни ҳар ду кишвар, омӯзиши забони арабӣ дар муассисаҳои таълимӣ, табодули донишҷӯён, анҷоми таҳқиқоти муштарак дар самтҳои мухталифи илм, баргузории конфронсҳо ва дигар масоили марбут ба таълиму тарбия сухан гуфт.
Гуфта мешавад, дар назар аст, ки пас аз омӯзиши ҳаматарафаи масъалаи мазкур тафоҳумномаи ҳамкории тарафайн омода ва ба тасвиб расад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста