Чанде қабл дар шаҳри Маскав маросими ба имзо расидани Созишномаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии иктишофи геологии Русия ба номи Серго Орҷоникидзе доир гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, санаи 21-уми январ ректорони донишгоҳҳои мазкур Маҳмадюсуф Имомов ва Василий Лисов созишномаро ба имзо расонида, зикр карданд, ки ҷонибҳо дар навбати аввал ба ҳамкории байнидавлатӣ, бахусус дар соҳаи омодагии касбии кадрҳои соҳибтахассус таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир хоҳанд кард.
Ҳадафи аслии имзои созишнома дастгирии табодули таҷриба миёни ҷонибҳо дар тамоми бахшҳои таълим буда, дар шартнома табодули таҷриба ва ҳамкорӣ миёни омӯзгорону кормандони илмӣ, донишҷӯён дар лоиҳаҳои академии самтҳои илмиву амалӣ, амалисозии лоиҳаҳои муштарак, ташкили барномаҳо /курсҳрои таълимӣ, семинару конфронсҳои илмӣ ва дигар шаклҳои табодули таҷрибаву дониш пешбинӣ гардидааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста