Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати иттиҳодияҳои ҷамъиятии Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳҷон Завқиев изҳор кард, ки тамоми масҷидҳои шаҳри Душанбе комилан бо видеокамераҳои мушоҳидавӣ муҷаҳҳазанд.
Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар саросари ҷумҳурӣ 365 масҷидҳои марказии ҷомеъ ва намози ҷумъа амал карда, дар ҳамаи онҳо видеокамераҳои мушоҳидавӣ гузошта шудаанд. «Ҳамчунин тамоми масҷидҳои намози панҷгонаи пойтахт, ки шуморашон 51 ададро ташкил медиҳад, низ бо видеокамераҳои мушоҳидавӣ таъмин карда шуданд», - гуфт ӯ.
Солеҳҷон Завқиев зикр кард, ки минбаъд таъмини тамоми масҷидҳои кишвар бо видеокамераҳои мушоҳидавӣ дар назар аст. «Чун имконоти масҷидҳои намози панҷгона дар деҳоти кишвар нокофист, видеокамераҳоро мо алҳол танҳо дар масҷидҳои намози ҷумъа насб кардем, вале ояндаи наздик масҷидҳои намози панҷгона низ бо ин гуна видеокамераҳо муҷаҳҳаз гардонида мешаванд», - афзуд номбурда.
Дар акс: видеокамера дар даромадгоҳи масҷиди ба номи Ҳоҷӣ Яъқуби шаҳри Душанбе.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста