Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айни идрорпулиҳои нави номӣ таъсис дода шудааст.
Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар ДДОТ иттилоъ доданд, ғайр аз идрорпулиҳои амалкунандаи президентӣ ва раиси шаҳри Душанбе дар донишгоҳ шурӯъ аз соли нав се идрорпулии нави номӣ: ба номи академик Муххамадҷон Шакурӣ, профессор Мансур Нӯъмонов Шӯрои олимони донишгоҳ таъсис дода шуданд.
«Тасмими таъсиси идрорпулӣ бо номи академик Муҳаммадҷон Шакурӣ аз ҷониби пайвандони марҳум ба хотири пос доштани хотираи академик гирифта шудааст, ки он аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар, инчунин аз ҷониби раёсати донишгоҳ комилан дастгирӣ ёфт. Маблағи онро наздикони Муҳаммадҷон Шакурӣ аз фоизи маблағҳои дар бонкдоштаи худ пардохт мекунанд. Идрорпулии мазкур ба 2 нафар донишҷӯи фаъоли факултаи филологӣ дода мешавад Айни замон раванди муқаррарсозии маблағ дар пайи коркард қарор дорад» - илова кард манбаъ.
Қайд гардид, ки идрорпулии Шӯрои олимони донишгоҳ ба ду нафар донишҷӯи фаъол новосбаста аз факулта дар ҳаҷми 100 сомонӣ ҳар моҳ пардохт карда мешавад. Идрорпулии профессор Мансур Нӯъмонов аз ҳисоби маблағҳои худи ӯ ҳар моҳ дар ҳаҷми 100 сомонӣ ба 2 донишҷӯи фаъоли факултаи математика дода мешавад.
«Айни замон 60% донишҷӯёни ДДОТ идрорпулии президентӣ гирифта, шумораи гирандагони идрорпулии раиси шаҳр вобаста ба мувафаққияти донишҷӯён тағйирёбанда аст. Шумораи гирандагони идрорпулиҳои номӣ ба 6 нафар мерасад», - илова кард манбаъ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста