Дар хадамоти зиддиинҳисории шаҳри Душанбе изҳор намуданд, ки нархҳо ба маҳсулоти ғизойӣ дар бозорҳои Душанбе боло нарафта, баръакс ба баъзе аз навъҳои он поин рафтаанд.
Сармутахассиси хадамоти зиддиинҳисории пойтахт Тоҳир Ашӯров дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар 4 бозори асосии шаҳр – «Шоҳмансур», «Саховат», «Қарияи Боло» ва «Деҳқон» рейди нақшавӣ гузаронида шуда, маълум шуд, ки нархҳо ба маҳсулот зиёд нашудаанд.
«Дар ҷараёни рейд ошкор гардид, ки дар бозори «Деҳқон» маҳсулоти ғизойӣ аз ҳама арзонтар буда, ин бозори фурӯши яклухт ва дар он тақсимоти маҳсулот ба дигар бозорҳои шаҳр сурат мегирад», - шарҳ дод мутахассис.
Номбурда таъкид дошт, ки мутобиқи қонун «Дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ», мақомоти давлатӣ ҳуқуқ надоранд, ки ба сиёсати нархгузории соҳибкорон дахолат кунанд. «Аз ин рӯ, фурӯшандагон худсарона нархи маҳсулотро боло бурда, боздошти бор дар марз бо Қирғизистонро баҳона меоранд ва ин ҳам дар ҳолест, ки тамоми маҳсулоти воридотӣ ба ҷумҳурӣ тавассути марзи Ӯзбекистон, вилояти Суғд ва ноҳияи Панҷ оварда мешаванд», - афзуд Ашӯров.
Аз рӯи натоиҷаҳои рейд нархҳои миёна ба маҳсулоти ғизойӣ дар бозорҳои пойтахт муайян карда шуд, ки чунин аст: орд (1 кг) – 2,65; маснӯоти макаронӣ (1 кг) – 4,67; шир (1 литр) – 4; биринҷ (1 кг) – 8,45; картошка (1 кг) – 2,27; пиёз (1 кг) – 1,19; сабзӣ (1 кг) – 1,34; карам (1 кг) – 1,82; гӯшти гов (1 кг) – 31,88; гӯшти гӯсфанд (1 кг) – 33,5; равғани растанӣ (1 литр) – 7,4; тухм (10 дона) – 7,24 ва шакар (1 кг) – 4,67 сомонӣ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста