Аввали ҳафтаи равон дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки доираи васеи масъулини сохторҳо ва роҳбарони ташкилоту идораҳои шаҳрӣ ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷаласа масъалаҳои мубрами хоҷагидории шаҳр, аз қабили хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, таъминоти аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ бо оби нӯшокӣ, вусъати ҷараёни насби ҳисобкунакҳои обӣ ба муштариён ва татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаи обу корези Душанбе, сифати анҷоми корҳои сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳҳо дар шаҳр, вазъи чароғонию мунавварсозии кӯчаву хиёбонҳо, ғановати бозори истеъмолӣ, ҳолати каналу селпартоҳо, татбиқи барномаҳои сабзкорию дарахтшинонӣ ва беҳбудбахшии экологию санитарии шаҳр баррасӣ шуданд.
«Раиси шаҳр нисбати фаъолияти корхонаҳои саноатии аз буҷети шаҳр маблағгузоришаванда масъалагузориҳо намуда, бобати ташкили ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир махсус таваҷҷуҳи роҳбарони корхонаҳоро ҷалб сохт», - хабар медиҳад мақомоти шаҳрдорӣ.
Ба иттилои манбаъ, инчунин бо дахли масоили омодагиҳо ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ бо инобати ба истифода дода шудани марҳилаи дуюми ободониҳои ҳудуди КВД «Наврӯзгоҳи пойтахт» ва боғи Наврӯзгоҳ баҳри истифодаи мақсаднок ва роҳандозии фаъолияти самараноки корхонаи мазкур ба сохторҳои марбута дастур фармуд, ки дар заминаи толорҳои барҳавои КВД «Наврӯзгоҳи пойтахт» баргузории намоишгоҳҳои доимоамалкунандаи маҳсулоти истеъмолию ниёзҳои рӯзгор ва гулу буттаҳоро тарҳрезӣ намоянд.
Гуфта мешавад, ҳамзамон бо дарназардошти фароҳам будани инфраструктураи лозима муваззаф сохт, ки ояндаи наздик масъалаи дар КВД «Наврӯзгоҳи пойтахт» ба роҳ мондани фаъолияти Хонаи ақди никоҳи ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста