Собиқ директори шабакаи телевизиони «Пойтахт» Абдуқодири Абдуқаҳҳор сардори Раёсати фарҳанги мақомоти шаҳрдории Душанбе таъин карда шуд. Собиқ сардори ин Раёсат Шаҳло Мӯсоева директори шабакаи телевезиони «Пойтахт» таъин шуда, Абдуқодири Абдуқаҳҳор, ки чанд рӯз қабл ба истеъфо рафта буд, ба ин вазифа таъин гардид.
Абдуқодири Абдуқаҳҳор ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки мансаби нав низ масъулияти зиёд тақозо дошта, ба ҳар ҳол, ӯ аз андешаи амалӣ сохтани орзуяш – таъсиси шабакаи телевизионӣ тибқи консепсияи дар телевизиони «Пойтахт» доштааш даст намекашад.
«Албатта, ҳозир ман ба фаъолият дар Раёсати фарҳанги пойтахт шурӯъ мекунам. Дар пеш таҷлили ҷашни 90-солагии пойтахт ба нақша гирифта шуда, ман кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки фарҳангшиносони беҳтаринро атрофи худ муттаҳид сохта, ҷашнро бо тарзи комилан тоза барпо кунам», - иброз дошт ӯ.
Номбурда бори дигар ба масъалаи таъсиси шабакаи телевизионӣ бо консепсияи нав дахл карда, таъкид дошт, ки ахиран аз ҷониби шахсони алоҳида оид ба амалисозии ин тарҳҳо кумаки молиявӣ пешниҳод шудааст. «Агар шабакаи нав таъсис дода шавад, дар ин ҳолат он ҷамъиятӣ ё хусусӣ хоҳад буд», - афзуд А.Абдуқаҳҳор.
Ёдрас мекунем, ки қаблан дар робита ба масъалаи истеъфояш аз мансаби директори ТВ «Пойтахт» А.Абдуқаҳҳор изҳор намуда буд, ки ӯ мехост мақоми ин шабакаро ба сатҳи байналмиллалӣ бардорад, аммо бо раиси шаҳри Душанбе ихтилофи назар пайдо шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста