Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев фаъолияти ситоди шаҳрӣ оид ба бартараф кардани оқибатҳои барфрезии шадидро ба роҳбарӣ гирифт.
Котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ситоди шаҳрӣ баҳри тозакнуии роҳҳои мошингард ва пиёдараҳҳои кӯчаву хиёбонҳо аз барф тамоми техникаи коммуналии дар ихтиёри мақомоти шаҳрдорӣ қарордоштаро сафарбар кард.
«Ба ҷуз ситоди умумишаҳрӣ, дар тамоми ноҳияҳои шаҳр таҳти раҳбарии раисони ноҳияҳо ситодҳои маҳаллӣ низ фаъолият доранд», - иброз дошт Саидов.
Ба гуфтаи ӯ, раиси пойтахт дастур додааст, ки дар мавсими зимистон барои рафъи оқибатҳои барфрезӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулода навбатдории шабонарӯзии роҳбарони раёсатҳои мақомоти шаҳрдорӣ, раисони ноҳияҳо ва хадамоти коммуналӣ ташкил карда шавад.
«Мақомоти шаҳрдорӣ ҷиҳати огаҳии саривақтӣ аз вазъ бо интиқоли мунтазами нерӯи барқ, таъминот бо оби нӯшокӣ ва маҳсулоти ғизойӣ, бо муассисаҳои тандурустӣ, маориф, мактаб-интернатҳо ва раисони шӯрои маҳаллаҳо дар тамоси доимӣ аст», - афзуд сухангӯи раиси пойтахт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста