Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури Раиси Кумита Абдураҳим Холиқов ва масъулини соҳа се нафар имомхатиб аз мувофиқа гузаштанд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумита, барои аз мувофиқа гузаштани имомхатибон ба онҳо аз ҷониби Раиси Кумита Абдураҳим Холиқов, Раиси Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ва сардорони раёсатҳои иттиҳодияҳои динӣ ва танзими анъанаитм ва ҷашну маросимҳо суолу пурсишҳо дар боби шариат, қонунгузории кишвар, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виқдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар қонқнҳои соҳавӣ ироа гардид.
Абдураҳим Холиқов дастур дод, ки минбаъд дар Кумита бо мудирони шуъба ва бахшҳои оид ба корҳои дини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дарсҳои умуминазариявии динӣ гузаронида шавад.
Ҳамчунин сардорони шуъбаҳои оид ба корҳои дини якчанд шаҳру навоҳии мамлакат аз мувофиқа гузаштанд. Абдураҳим Холиқов, Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони Раиси Кумита ва сардорони раёсатҳои дахлдор ба эшон доир ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санаду қонунузориҳои дахлдори соҳа суолҳо пешниҳод намуданд, ки дар натиҷа 5 нафар бо муваффақият аз мувофиқа гузаштанд. Ба намояндаи шаҳри Роғун ва ноҳияи Бохтар барои такмили дониш ва хубтар аз бар намудани қонунгузории марбутаи соҳа то ду ҳафта муҳлат дода шуд.
Дар охир Абдураҳим Холиқов таъкид дошт, ки маҳз интихоби кадрҳои соҳибтахассус ва дорои дониш ва малакаи хуби кордонӣ метавонад ҷиҳати пурра ва босомар татбиқ гардидани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мусоидат намояд. Номбурда намояндагони бархе аз шаҳру ноҳияҳои мамлакатро, ки аз мувофиқа гузаштанд ва минбаъд ҳамчун сардори шуъбаи оид ба корҳои дин фаъолият мекунанд, ба поквиҷдониву адолат ва хизмати софдилона ҳидоят намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста