Анонс

- Нишастҳои хабарии ҷамъбасти сол дар Вазорати молияи ҶТ (оғоз соати 09:00), Фурудугоҳи байнулмилалии Душанбе (соати 09:00) ва Агентии омори назди президенти ҶТ (соати 14:00).

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.8006 сомонӣ;

1 евро - 6.4905 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1390 сомонӣ.  

Як рӯзи таърих

1929 – Ифтитоҳи Конфронси II-юми вилоятии Тоҷикистон, ки дар он нақшаи панҷсолаи якуми рушди хоҷагии халқи ҷумҳурӣ маъқул шуморида шуд.

2010 – Кумитаи миллии олимпӣ, КВД «Талко» ва дзюдочӣ Расул Боқиев қарордоде ба имзо расониданд, ки мутобиқи он, ба муддати се соли наздик «Талко» сарпарасти генералии варзишгар шуд.

2011 – Нахуствазир Оқил Оқилов дар бораи эҳёи шаҳраки нақбканони Шӯроб дастур дод.

1918 – Зодрӯзи Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Тоҷихон Султонова.

1921 – Мавлуди Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Оиша Абдулазизова.

1940 – Зодрӯзи доктори улуми иқтисод, собиқ нахуствазири Тоҷикистон Ҷамшед Каримов.

1943 – Мавлуди олим Абдусами Солиев.

1944 – Зодрӯзи шоири ӯзбекзабони Тоҷикистон Шодӣ Саттор.

1949 – Мавлуди коргардон, Арбоби шоистаи фарҳанг Баҳриддин Сайфиддинов.

1952 – Зодрӯзи ҳуқуқшинос, арбоби давлатӣ, вакил Убайдулло Давлатов.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4-9, рӯзона -1-6, дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона -2-7.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад, баъзан боришоти шадиди  барф.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -5-10, рӯзона -5-10, дар доманакӯҳҳо шабона -6-8, рӯзона 0-5.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4-9, рӯзона -1-6, дар доманакӯҳҳо шабона -7-12, рӯзона -3-8.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.    

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -6-11, рӯзона -3-8;  дар шарқи вилоят шабона -9-14, рӯзона -4-9.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад.   

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона -4-6.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад. 

Ҳарорат: шабона -6-8, рӯзона -5-7.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад.    

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона -4-6.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад.   

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона -3-5.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад.   

Ҳарорат: шабона -7-9, рӯзона -5-7.