Барои риоя нагардидани муқарророти Қонуни ҶТ “Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон” соли сипаришуда 64 нафар тибқи моддаи 89-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима гардидаанд.
Дар ин бора Гавҳар Шарофова, раиси Кумитаи забон ва истилоҳототи назди Ҳукуматии ҶТ зимни нишасти хабарие, ки имрӯз баргузор гардид, иттилоъ дод. Ӯ қайд кард, ки дар умум мутобиқи маълумоти Шӯрои адлияи кишвар 69 адад парванда барои риоя нагардидани муқарророти Қонуни ҶТ“Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон” бо моддаи 89 кодекси зикргардида мавриди барасӣ қарор гирифт, ки нисбати 5 нафар огоҳӣ дода шуда, ба 64 нафар ҷарима баста шуд. Маблағи ҷаримаҳо дар умум то имрӯз 37 ҳазору 600 сомониро ташкил кард. Гавҳар Шарофова афзуд, ки гурӯҳи корӣ дар иртибот ба лавҳаю овезаҳо ва номгузории муасисаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонӣ 12 санади огоҳӣ тартиб дод, ки мутобиқи он, барои бартараф намудани хатоҳо муҳлат муқарар гардидааст.
«Айни замон дар асоси тавсияҳои гурӯҳи корӣ намогузории кошонаи ҳусни “Малина” ба “Малика” ва қавҳахонаи «CHIEF BURGER PIZZA» ба “Бургер ва питзо” изав карда шуда, навиштаҷоти номи тарабхонаи “JAMOL” ба “Ҷамол” баргардонида шуд. Ғизономаи тарабхонаи “Ҷамол” ва қавҳахонаи “Питсерия” ба забони давлатӣ тарҷума ва пешниҳод гардид», - иттилоъ дод Шарофова.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста