Арбоби ҷамъиятӣ Даврон Муҳаммадиев имрӯз ба дар даст бурдани оташи олимпии Бозиҳои зимистонаи олимпии Сочи-2014 шарафёб гардид. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» шахсан худи ӯ хабар дод.
Ба бурдани оташи олимпӣ ӯро ширкати Coca-Cola Русия, ки шарики Эстафетаи Оташи олимпии «Сочи-2014» мебошад, пешбарӣ кард.
«Ин барои ман ифтихори бузург ва хеле ногаҳонӣ аст, ки маро ба дар даст доштани оташи олимпӣ интихоб карданд. Ман ҳамеша ба рӯйдодҳои тозаву таҷрибаи нав омодаам. Ин омили хуби санҷиши қавииродагӣ ва намунаи ибрат ба насли наврас мебошад», - гуфт ӯ дар суҳбат ба хабаргузории «Азия-Плюс».
Доктори улуми тиббӣ Даврон Муҳаммадиев соли 2005 ба ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ мукофотонида шуда, ӯ муаллифи беш аз 120 корҳои илмӣ мебошад, ки дар нашрияҳои байнулмилалӣ, русӣ ва тоҷикӣ ба чоп расидаанд. Даврон Мансурович бо фаъолияти гуманитарӣ низ машғул буда, барои иштироки фаъолона дар барномаҳои омодагӣ ва вокуниш ба офатҳо бо нишони фахрии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Қобили зикр аст, ки имрӯз дар варзишгоҳи «Фишт»-и шаҳри Сочии Русия маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ баргузор мегардад, ки дар он президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ҳузур хоҳад дошт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста