Чанде қабл дар ҷаласаи мақомоти шаҳрдории Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев масъалаҳои омодакунии пойтахт ба таҷлили ҷашни Наврӯз ва 90-солагии эълони Душанбе ҳамчун пойтахти Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, Убайдуллоев ба муовини худ Руқия Қурбонова дастур дод, ки ҷараёни иҷрои қарорҳои дахлдори маҷлиси шаҳрӣ доир ба омодагӣ ба ин чорабиниҳоро таҳлил ва таҳти назорат қарор диҳад.
«Ба Р.Қурбонова супориш дода шуд, ки консепсияи мушаххаси ҷашни 90-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо инобати истифодаи зарфиятҳои аҳли ҷамоатчигӣ ва пешниҳодоти сокинони бурунмарзии Душанбе то 1 марти соли 2014 таҳия намуда, барои тасдиқ унвонии шаҳрдор манзур созад», - иттилоъ медиҳад мақомоти шаҳрдорӣ.
Дар ҷаласа ҳамчунин масоли марбут ба вазъи роҳҳои шаҳр, кори нақлиёти ҷамъиятӣ, вазъи санитарии пойтахт ва ҷараёни ислоҳот дар бахши манзиливу коммуналӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси пойтахт ба муовинонаш ва раисони ноҳияҳои пойтахт дастур дод, ки дар муддати як моҳ занони кӯчарӯбро бо лавозимоту асбобҳои муосири корӣ таъмин кунанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста