Ба Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар соли 2013 аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ наздики ду ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар барои гирифтани машварати ҳуқуқӣ муроҷиат кардаанд.
Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати вазорат ба Хабаргузории «Азия-Плюс» гуфт, ки бештар шаҳрвандон мехоҳанд маълумот ба даст оваранд, ки оё онҳо дар рӯйихати ихроҷшудагони Хадамоти муҳоҷиратии Федератсияи Русия ҳастанд ё на.
Ба гуфтаи ӯ, тибқи иттилои сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Муқим Ниёзов, дар давраи ҳисобот аз ҷониби 429 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дархостҳои хаттӣ ба унвони Федератсияи Русия тартиб дода шуд.
«Кормандони мо ба шаҳрвандоне, ки хоҳиши ба даст овардани иттилоот дар бораи сабабу мӯҳлатҳои маҳдудияти сафарашон ба Федератсияи Русияро доштанд, ёрии зарурӣ расонида, аз номи онҳо ба унвони Хадамоти федералии муҳоҷират ва мақомоти сарҳадоти Русия дархост ирсол шуд. Аз Федератсияи Русия 311 ҷавоби хаттӣ гирифта шуд. Тайи моҳи январи соли 2014, 187 дархости хаттӣ ба унвони Федератсияи Русия тартиб дода ва 89 ҷавоби хаттӣ гирифта шуд.ки мутобиқи он, то моҳи январи соли ҷорӣ ба 71 ҳазору 525 шаҳрванди Тоҷикистон иҷозати вуруд ба Русия нест», - иттилоъ доданд дар вазорат.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста