Созмони байнулмилалии ғайриҳукуматии «Хабарнигорони бидуни марз» (Reporters Without Borders) рейтинги навбатии озодиии матбуот дар саросари ҷаҳон – Индекси озодии матбуот-2014 ро интишор намуд, ки дар он вазъи озодии матбуот дар 180 кишвари дунё мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифтааст.
Дар рейтинги имсола Тоҷикистон зинаи 115-умро касб карда, аз Украинаву Афғонистон, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Чин нисбатан дар мақоми болотар қарор дорад. Соли 2013 Тоҷикистон дар ин рейтинг зинаи 123-юмро ишғол карда буд.
Дар гузориш қайд мешавад, ки вазъи озодии матбуот дар Украинаву Тоҷикистон дар ҳоли номуайянӣ қарор доранд. «Инъикоси маъракаи интихоботии соли гузашта дар Тоҷикистон аслан ба нафъи Эмомалӣ Раҳмон буд, ки беш аз 20 сол сари мансаби президентӣ қарор дорад. Гузашта аз ин, қатъи фаъолияти сомонаҳои иттилоотии мустақил як кори маъмулӣ дар кишвар гардида, қонуни нав дар бораи ВАО, ки аз моҳи марти соли 2013 ҳукми қонунӣ гирифт, танҳо дар рӯйи коғаз вазъи қонеъкунанда дорад, вале дар амал то ҳанӯз аз ҳеҷ аҳаммияте бархӯрдор нест», - гуфта мешавад дар гузориш.
Индекси озодии матбуот ҳамасола таҳия гардида, дар он ба сатҳи озодии матбуот, журналистон ва ташкилотҳои ВАО бо шумули нашрияҳои чопиву электронӣ ва ғайра баҳо дода мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста