Анонс

- Дар Вашингтон ҷаласаи серӯзаи гурӯҳҳои кории кишварҳои иштирокчии Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) оғоз мегардад. Ҳайати  Тоҷикистонро дар ин вохӯрӣ муовини вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Пӯлод Муҳиддинов роҳбарӣ мекунад;

- Дар меҳмонхонаи «Меркурий»-и Душанбе маҷлиси Шабакаи ташкилотҳои шарик оид ба обтаъминкунӣ – ТоҷВСС баргузор мешавад. Оғоз соати 13:00.

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.8012 сомонӣ;

1 евро - 6.4973 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1385 сомонӣ.  

Як рӯзи таърих

1958 — Чархболи нахустин (МИ-1) ба Сталинобод оварда шуд.

1990 — Дар Душанбе бинобар сабаби гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ, ки ба талафоти ҷонӣ боис шуданд, вақти комендантӣ ва ҳолати фавқулодда ҷорӣ шуд.

2003 — Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар кори Конфронси байнулмилалии сулҳу созиш ба Алмаато (Қазоқистон) рафт.

2008 — Сардабири нашрияи парлумонии «Садои мардум» Бобоҷон Абдулвоҳидов пас аз бемории тӯлонӣ аз олам даргузашт.

2010 — Миёни Тоҷикистону Белорус Протокол дар бораи ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика ва саноат ба имзо расид.

2011 — ҶСП «ТТ-мобайл» бори нахуст дар Тоҷикистон технологияи 4G-ро дар реҷаи санҷишӣ ба кор даровард.

1919 – Зодрӯзи Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Бахтулҷамол Карамхудоев.

1927 – Мавлуди нависанда ва арбоби давлатӣ Холмурод Шарифов.

1931 – Зодрӯзи арбоби давлатӣ Муҳиддин Зоҳиров.

1938 – Мавлуди доктори улуми тиббӣ Ҳамдам Рофиев.

1960 – Зодрӯзи сароянда Маҳмадсаид Тӯраев.

1969 – Мавлуди сароянда Фарҳод Одинаев.

1971 – Зодрӯзи оҳангсоз, сароянда Парвиз Пӯлодӣ.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -7-12, рӯзона -1+4, дар доманакӯҳҳо шабона -8-13, рӯзона 0+5.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, туман.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -9-14, рӯзона -2+3, дар доманакӯҳҳо шабона -13-18, рӯзона -1-6.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -8-13, рӯзона 0+5, дар доманакӯҳҳо шабона -17-22, рӯзона -4-9.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.     

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -10-15, рӯзона 0-5;  дар шарқи вилоят шабона -18-23, рӯзона -6-11.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона -8-10, рӯзона +4+6.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман. 

Ҳарорат: шабона -8-10, рӯзона +1+3.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.    

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона 0-2.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона 0-2.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона -9-11, рӯзона 0-2.