Дар робита ба баҳсҳо атрофи хондани намози ҷаноза Маркази исломии Тоҷикистон як фатвои дахлдор содир кард.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ, бо назардошти он ки баъзан дар масъалаи баргузории намози ҷаноза ва имоматӣ дар он баҳсу мунозираҳо рух медиҳанд ва чунин ҳолатҳо боиси коста гардидани обрӯи ходимони дини мубини Ислом гаштаву ба сар задани ихтилофҳо миёни шаҳрвандон оварда мерасонанд, Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон ба хотири ба тартиб овардани намози ҷаноза ва имоматӣ дар он бо такя ба сарчашмаҳои муътамади мазҳабӣ қарор қабул намуд.
Тибқи он, имоматӣ дар ҷаноза дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имомон, имомхатибон, сархатибон ва Раиси Шӯрои уламо вобаста ба сатҳи ҳузур ва мақоми ишғолкардаашон вогузор карда мешавад.
Дар замимаи ин қарор бо такя ба сарчашмаҳои муътамади мазҳаби ҳанафӣ доир ба тартиби имомат дар намози ҷаноза чунин зикр шудааст:
“Барои гузаронидани намози ҷаноза султон, сипас қозӣ, баъд аз он имоми маҳалла, баъд аз он валии майин сазовортар аст”. (“Мухтасар-ул виқоя”); “Беҳтарин мардум барои имом шудан дар ҷанозаи майит султон аст, агар ҳозир бошад. Агар ҳозир набошад, мустаҳаб аст, ки имоми қаря, баъд аз он валии майит тақдим карда шавад”. (“Мухтасар-ул-Қудурӣ”); .
Дар “Фатвои кубро” омадааст: Шахсе пеш аз вафот васият кунад, ки бар ӯ фалон кас намози ҷаноза гузорад, васият ботил (бекор) мебошад. Фатво бар ҳамин аст”. («Фатвои ҳиндӣ”)
Насиҳати Имоми Аъзам (р.ҳ) ба шогирдаш Абӯюсуф Яъқуб ибни Иброҳим:
“Хондани хутбаҳои никоҳ ва баргузории намози ҷаноза ва идайнро ба хатиби ноҳия ва минтақаи худ вогузор кун!” (Ашботу ва назоир).




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста