Зодаи Тоҷикистон Суҳбат Ҳайдарализода планшети дар Сочи гумшудаи хабарнигори ИТАР-ТАСС-ро ба соҳибаш баргардонид.
Бино ба иттилои «Евронюс», зимни бартараф кардани мушкилот дар низоми таъмини об ва обу корез дар иншооти олимпии шаҳри Сочи С.Ҳайдарализода дар яке аз биноҳо планшет дарёфт мекунанд ва тасмим мегирад, ки онро ҳатман бояд ба соҳибаш баргардонад.
«Бо истифода аз планшет ӯ бо хешовандони соҳиби он дар тамос шуда, огоҳ мегардад, ки молики планшет рӯзноманигори хабаргузории ИТАР-ТАСС аст», - менависад нашрия.
«Хушбахтона, компютери шумо бо рамз (парол) «баста» набуд, - ҳикоят кардааст ӯ. – Албатта, ман бояд онро намекушодам, лекин дигар роҳ надоштам, чунки ӯро баргардонидан зарур буд. Охир он барои кор лозим аст. Ин кор аз рӯи инсоф аст».
Баъди чанде ба зани рӯзноманигор аз Маскав занг зада, хабар медиҳанд, ки компютери кории ӯ дарёфт шудааст. Дар «ҳавлии тарабхона»-и маркази матбуотӣ, ки ҳамеша серодаму пур аз рӯзноманигорон аст, зодаи Тоҷикистон бо рӯзноманигор вохӯрда, планшеташро ба ӯ супурдааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста