Мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи комиссияҳои доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, дар моҳи январи соли 2014 бинобар риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 57 маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудаааст.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди ҳукумати ҶТ, ҳама ин мавод ба мақомоти судӣ ирсол гардидааст, ки ин рақам нисбат ба моҳи январи соли гузошта 29 ҳолат зиёд аст.
Ба иттилои ин манбаъ, аз ин нишондиҳанда дар вилояти Суғд - 22, вилояти Хатлон - 12, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - 16 ва шаҳри Душанбе -6 ҳолати риоя нагрдидани талаботи қонуни мазкур ба қайд гирифта шудааст.
«Аз тарафи Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои дар моҳи январи соли равон 11 ҳолати қонуншиканӣ ошкор ва парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд. Аз инҳо 3 нафар масъули тарабхона, 2 нафар муваққатан бекор, 2 донишҷӯ, 1 сароянда, 1 раиси маҳалла, 1 муҳосиб ва 1 муҳоҷири меҳнатӣ мебошанд», - гуфта мешавад дар маълумоти Кумита.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста