Анонс

- 15 феврал дар бинои Раёсати БДА ВКД ҶТ (кӯч. Ҷ. Расулов, 69) оид ба фурӯши рақамҳои давлатии силсилаи ВМ минтақаи 01 музояда доир мегардад. Оғоз соати 09:00;

- 15 феврал Иттифоқи ҷанговарони -  интернатсионалистони Тоҷикистон дар назди муҷассамаи Александр Мироненко ба муносибати 25-умин солагрди хурӯҷи Артиши Шӯравӣ аз Афғонистон чорабинӣ баргузор мекунад. Оғоз соати 08:00. Соати 11:00 дар Филармонияи давлатӣ ба ин муносибат консерт барпо мешавад.

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.8007 сомонӣ;

1 евро - 6.5118 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1385 сомонӣ.  

Як рӯзи таърих

15 феврал

1937 – Зодрӯзи Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдураззоқов.

1937 – Мавлуди журналист Мазҳабшо Муҳаббатшоев.

1945 – Зодрӯзи арбоби давлатӣ, дипломат Рамазон Мирзоев.

1946 – Мавлуди Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун.

1947 – Зодрӯзи актёри театру кино Исфандиёр Ғуломов.

1962 – Мавлуди журналист Мухтор Боқизода, муассис ва сардабири газетаи «Нерӯи сухан».

16 феврал

2005 – Таъсиси ҶСК «НОБ-и Сангтӯда-1»-и Русияву Тоҷикистон.

1954 – Зодрӯзи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии маъруф ва сиёсатмадор.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -7-12, рӯзона -1+4, дар доманакӯҳҳо шабона -8-13, рӯзона 0+5.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, баъзан туман.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -9-14, рӯзона -2+3, дар доманакӯҳҳо шабона -13-18, рӯзона -1-6.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, баъзан туман.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -8-10, рӯзона 0+5, дар доманакӯҳҳо шабона -12-17, рӯзона -1-6.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.     

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -10-15, рӯзона 0-5;  дар шарқи вилоят шабона -18-23, рӯзона -6-11.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: шабона -1-5, рӯзона +1+3.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас. 

Ҳарорат: шабона -2-7, рӯзона 0+4.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона -1-4, рӯзона +2+6.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона -2+1, рӯзона 0+2.