Тӯли як моҳи соли равон 9 нафар шаҳрванди хориҷӣ, ки дар қаламрави вилояти Хатлон ғайриқонунӣ иқомат доштанд, аз қаламрави вилоят хориҷ карда шуданд.
Бино ба гуфти сардори Раёсати хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон Маҳмудҷон Хоркашев, моҳи январи соли равон аз тарафи кормандони раёсати хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон 3 амалиёти муштарак бо дигар мақомотҳои дахлдор гузаронида шудааст.
«Дар ҷараёни он дар 12 ҳолат нисбат ба қонуншиканон – шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ парвандаҳои маъмурӣ оғоз шуда, дар ҳаҷми умумии 2,8 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шуд ва 9 нафари онҳо бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар ҶТ аз кишвар хориҷ карда шуданд», - иброз дошт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки дар вилояти Хатлон 38 субъекти хоҷагидори дорои иҷозаи ҷалби қувваи корӣ аз хориҷи кишвар амал доранд, ки дар онҳо 541 нафар хориҷиён (20 нафарашон занон) кору фаъолият доранд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста