Чанде қабл зимни мулоқоти роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Асрор Одинаев бо директор оид ба ҳайати шахсии шабакаи меҳмонхонаҳои Мариотт» хонум Елена Литвинова дар Маскав дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Котиби матбуотии намояндагии мазкур Иброҳим Аҳмадов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷараёни суҳбат хонум Литвинова изҳор доштааст, ки айни замон онҳо ба хизматгорзанон, коргарони ёридиҳанда, пешхизматҳо, барменҳо ва фаррошон ниёз доранд. «Мо омодаем, ки онҳоро ба таври ройгон касбу кор омӯзем. Ба донистани забони англисӣ афзалияти бештар дода мешавад», - иброз доштааст зимни суҳбат Литвинова.
Ба гуфтаи Аҳмадов, дар навбати худ Асрор Одинаев зикр кардааст, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти намояндагоии хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия мусоидат намудан ба шаҳрвандони тоҷик дар таъмин бо ҷойи кори хубу мусоид аст.
«Одинаев таъкид дошт, ки дар остонаи фарорасии мавсими корӣ ба намояндагӣ аз корфармоёни рус дархостҳо мерасанд ва ин пешниҳодот ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон фиристода шуда, пас аз омӯзиши онҳо аз ҳисоби шаҳрвандони тоҷик мутахассисони ин соҳаҳо интихоб мешаванд», - афзуд И.Аҳмадов.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста