Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ на танҳо номи қахвахонаи CHIEF BURGER PIZZA»-ро ба «Бургер ва Питзо», балки навиштаҷоти ғизономаи онро ҳам тарҷума кард. Хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ба ин қахвахона рафта, бо ғизономаи нав шинос шуд. Дар ин ғизонома Chief Burger акнун «Бургери хосса аз номи Сардор» тарҷума шудааст.
Дар ғизонома Сheeseburger - «Бургер бо панир ва гӯши гов», Beef burger – «Бургер бо гӯшти гов», Special burger – «Бургери хосса» ва «Чай с лимоном» – «Чойи 3х1» зикр гардидааст.
Ёдрас мекунем, ки зимни нишасти хабарии имсола раиси Кумита забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ Гавҳар Шарофзода изҳор намуда буд, ки дар асоси тавсияҳои гурӯҳи корӣ номгузории кошонаи ҳусни “Малина” ба “Малика” ва қавҳахонаи «CHIEF BURGER PIZZA» ба “Бургер ва питзо” иваз карда шуда, навиштаҷоти номи тарабхонаи “JAMOL” ба “Ҷамол” баргардонида шуд ва ғизономаи тарабхонаи “Ҷамол” ва қаҳвахонаи “Питсерия” ба забони давлатӣ тарҷума ва пешниҳод шуданд.
Ба гуфтаи ӯ, барои риоя нагардидани муқарророти Қонуни ҶТ “Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон” соли сипаришуда 64 нафар тибқи моддаи 89-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима гардидаанд. «Нисбати 5 нафар огоҳӣ дода шуда, ба 64 нафар ҷарима баста шуд. Маблағи ҷаримаҳо дар умум то имрӯз 37 ҳазору 600 сомониро ташкил кард», - гуфта буд раиси Кумита.
Шарофзода зикр карда буд, ки дар иртибот ба навиштаҷоти лавҳаю овезаҳо ва номгузории муасисаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонӣ 12 санади огоҳӣ тартиб дода шудааст, ки мутобиқи он, барои бартараф намудани хатоҳо муҳлат муқарар гардидааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста