Дар торнамои даъватҳои ҷамъиятии Avaaz ҷараёни ҷаъоварии имзоҳо барои дар шаҳри Душанбе қомат афрохтани ҳайкали муҳоҷири корӣ идома дорад. Даъвати мазкур ба ҳукумат ва парлумон ирсол мегардад. Он аз номи як шаҳрванди Тоҷикистон Исфандиёр нашр шудааст.
Мақсади худро Исфандиёр бо ин далел шарҳ медихад, ки дар Тоҷикистони муосир маҳз муҳоҷири корӣ аз ҳама бештар ба гузоштани ҳайкал шоиста аст. Ба андешаи ӯ, беш аз миллион нафар муҳоҷирони корӣ дар Русия кор карда, ба аҳли олиаашон маблағи пулӣ мефиристанд, ки ба нисфи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст.
«Дигар дар ягон кишвари дунё чунин ҳолат ҷой надорад. Бидуни маблағҳои пулии онҳо миллионҳо нафар дар кишвар гуруснагӣ мекашиданд. Комилан имкон дошт, ки ин ба муташанниҷии вазъи иҷтимоӣ, афзоиши ҷинояткорӣ ва ҳатто ба бетартибиҳо боис мегардид. Маҳз ба туфайли муҳоҷирони корӣ, ки бо хуну арақи ҷабин дар Русия маблағҳои пулӣ кор мекунанд, мо дар ҷомеаи нисбатан орому осуда зиндагӣ дорем», - навиштааст Исфандиёр.
Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти расмӣ, дар Русия каме бештар аз 800 ҳазор нафар муҳоҷирони кории тоҷик қарор доранд, аммо мувофиқи омори расмии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, дар шаҳрҳои гуногуни Русия ҳудуди 1,5 млн. нафар муҳоҷирони кории тоҷик кору зиндагӣ мекунанд.
Дар замони нашри даъват аллакай 14 нафар ба ҷонибдории он зераш имзо гузоштаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста