Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 10-уми феврал, Маркази миллии тестӣ аз тобеъияти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бароварда шуда, ба Муассисаи давлатии назди президенти Тоҷикистон табдил дода шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, ҳамзамон дар мақомоти раҳбарии Марказ низ тағйироти кадрӣ сурат гирифта, Хуршед Тешаев роҳбари Марказ ва Савзалӣ Ҷаъфаров муовини ӯ таъин карда шуданд.
Ёдрас мекунем, ки санаи 20-уми декабри соли гузашта дар қисмати шимолии хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, дар рӯ ба рӯйи Боғи фарҳангию фароғатии Айнӣ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ» (ММТ) ифтитоҳ ёфт.
Ин бинои сеошёна, ки аз ду қисмат иборат аст, бо харҷи беш аз 8 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маблағҳои грантии Бонки ҷаҳонӣ бунёд ёфта, бо навтарин техникаю таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Ҳадафи асосӣ аз таъсиси Маркази миллии тестӣ бо идораи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавияш холисона, одилона ва ба таври шаффоф ба роҳ мондани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ буда, бинои марказӣ ва бахшҳои минтақавии он бо навтарин техникаю таҷҳизот муҳаҳҳаз карда шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста